Собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва собиқ директори генералии корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраев, ки таҳти шарти тарк накардани маҳалли сукунат қарор дорад, боз бедарак шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» адвокати шахсан аз ҷониби худаш кирошуда хабар дод.
Ба қавли адвокат Бахтиёр Насруллоев, тайи панҷ рӯзи ахир ӯ бо зерҳимояаш дар тамос шуда наметавонад. Бори ахир онҳо рӯзи 3-юми июн дар Душанбе вохӯрдаанд. Рӯзи 20-уми июн бояд мурофиаи навбатӣ оид ба парвандаи Ҷӯраев доир мегардидааст, ки ӯ ба он ҳозир нашудааст.
Адвокат мегӯяд, тибқи натиҷаҳои тафтишот аз рӯи парвандаи Ҷӯраев, дар маҷмӯъ бо 4 модда – 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 260 (Соҳибкории сохта), 261 (Бақайдгирии аҳди ғайриқонунӣ бо замин) ва 289 (Қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Алҳол мо мушаххасан гуфта наметавронем, ки ӯ дар куҷост – дар Тоҷикистон ё хориҷ аз он», - иброз дошт адвокат.
Ёдрас мекунем, ки Низомхон Ҷӯраев соли 2007 баъди нисбаташ оғоз гардидани якчанд парванда оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ пинҳон шуд. Моҳи августи соли 2010 ӯ дар шаҳри Маскав бо дархости Тоҷикистон дар бораи истирдод боздошт гардид, аммо ҳимоягарони ӯ ба Суди Аврпупо муроҷиат карда, ин суд минбаъд ба Русия истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистонро манъ намуд.
Моҳи марти соли 2012 ӯ аз тавқифгоҳи муваққатии вилояти Маскав озод шуда, аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон пайдо шуд. То пайдо шудан дар Душанбе ӯ аз рӯи якчанд модда, аз ҷумла дуздии воситаҳои давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша айбдор карда мешуд. Баъдтар роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки ба Ҷӯраев дар содир шудани ҷиноятҳои иқтисодӣ айбнома пешниҳод шудааст.
Санаи 7-уми апрели соли 2012 дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» суханронии Ҷӯраев ба намоиш гузошта шуд. Дар суханронии худ Ҷӯраев гуфт, ба хотири модари 79-солааш ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст. Ӯ иброз дошт, ки дар ватан будан беҳтар аст. Бо шарти тарк накардани маҳалли сукунат, Агентии зиддифасод то анҷоми мурофиаи судӣ оид ба ин парванда ӯро озод кард.




Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 марти соли 2026
Тоҷикистон барои баргардони шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста