Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров бар ин назар аст, ки ба амнияти Тоҷикистон асосан роҳ ёфтани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро хатар эҷод мекунад.
«Таҳдидҳо ба амнияти кишвари мо гуногунанд, ҳам дохиливу ҳам беруна, аммо таҳдиди бештар воқеӣ аз тоҷикистониёни ҷавони гумроҳшуда бармеояд, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб шудаанд», - гуфт Сафаров зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.
Ӯ зикр кард, ки имрӯз садҳо шаҳрвандони ҷавони кишвар дар Сурияву Покистон ва Афғонистон қарор доранд.
«Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он қисмате аз ҷавонони мо аз мактабу маориф канор монда, қисмати дигар дар дурӣ аз волидон ба воя мерасанд, ки барои таъмини рӯзгори оилаи худ маҷбуранд дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ кунанд. Чунин шароитҳо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароро осон мекунанд», - иброз дошт С.Сафаров.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки нимаи дуюми соли равон кормандони марказ як таҳқиқоти махсусе гузарониданианд, ки дар он ба ошкор кардани сабабҳои узвияти ҷавонон ба ин гурӯҳҳо ва роҳу воситаҳои пешгирии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
[email protected]7 июл, 2014 17:19
ман шуморо мефаҳмам.