Суди ноҳияи Фирдавсӣ дархости Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи дароз кардани муҳлати нигаҳдории Зайд Саидов дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) боз ба муддати ду моҳи дигар ҷиҳати идомаи тафтиш аз рӯи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофорӣ) ва 340 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и КҶ ҶТ-ро қонеъ кард.
Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, акнун ягона адвокати соҳибкор, Зайд Саидов то ҳанӯз аз дарди меъда азият мекашад. «Рӯзи душанбе, 18-уми август фелдшер ӯро муоина карда, доруҳои нав тавсия дод. Ин дарди кӯҳна аст ва чун ахиран ӯ хеле зиёд асабӣ мешавад, дард ҳам бештар хурӯҷ мекунад», - қайд кард И.Табаров.
Қобили зикр аст, ки нисбати соҳибкор Зайд Саидови аз ҷониби Суди олӣ ба 26 соли зиндон маҳкумшуда парвандаи нави ҷиноӣ боз шуда буд, ки мутобиқи он Зайд Саидов ҳамчун «роҳбари ғайрирасмӣ»-и ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» муаррифӣ шуда, ба азхудкунии воситаҳои буҷети барои сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» пешбинишуда айбдор карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров, дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон умуман мафҳуме ба монанди «роҳбари ғайрирасмӣ» вуҷуд надорад. «Дар Кодекси ҷиноӣ фасли алоҳидаи «Ҷиноят бар зидди ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ» мавҷуд аст, ки дар он як қатор моддаҳо ҷиноёти мансабиро дар бар мегиранд, аммо дар ҳеҷ ҷои КҶ истилоҳи «роҳбари ғайрирасмӣ» дарҷ наёфтааст», - зикр кард ҳуқуқшинос.
Ёров ҳамчунин таъкид дошт, ки агар дар корхона ягон ҷинояти иқтисодӣ содир карда шавад, мувофиқи қонун танҳо шахсони расмӣ ё роҳбарони корхона ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. «Ба ҳеҷ гунае хешону наздикони намояндагони расмии корхона, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ ба корхонаи мазкур муносибат надоранд, ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда наметавонанд. Илова бар ин, муассиси корхона низ барои қонуншикании аз ҷониби роҳбарони корхона содиршуда масъул нест»,- қайд кард Ёров.
Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» зикр мегардад, ки ҷамъият соли 20007 таъсис дода шуда, муассиси он Саидов Хайрулло Зайдович мебошад. Номи Зайд Саидов дар ҳеҷ ҷое зикр нагардидааст.
Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми декабри соли 2013 соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати 26 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 319 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд. Аз рӯи дигар моддаҳои пешниҳодшуда суд ҷиҳати тафтишоти дубора таъинот содир намуд, зеро тибқи ин моддаҳо айби Саидов собит карда нашуд.
Мурофиаи судӣ нисбат ба Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябри соли 2013 оғоз гардида, пушти дарҳои баста дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дошт.
Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми майи соли 2013 дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз ваколатҳои мансабӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбнома пешниҳод кард.




Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста