Аз захми тир бар асари муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, сокини ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Нуъмонҷон Набиев ва сардори гурӯҳи марзбонӣ дар ин қитъаи сарҳад капитан Азамат Азимов ба ҳалокат расиданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, афсари ҳалокшуда ҷияни собиқ фармонеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов мебошад.
«Дар беморхонаи ноҳия боз чор нафар маҷрӯҳон аз тири марзбонони қирғиз бистарианд. Як маҷрӯҳи ҷароҳаташ сабукро субҳи имрӯз аз беморхона рухсатӣ дода, вазъи яке аз захмгирифтагон вазнин боқӣ мемонад», - гуфт як манбаъ аз дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 25-уми август дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд муноқишаи навбатии мусаллаҳона рух дода, панҷ тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз тири силоҳи оташфишон захмӣ шуданд.
Муноқиша дар мавзеи Хоҷа Боқирғон, ки ҷониби Қирғизистон баҳри азсаргирии сохтмони пул аз болои рӯди ҳамноми ин мавзеъ талош варзидааст, ба вуқӯъ пайваста, лекин шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш кардаанд, ки ба оғози дубораи сохтмони пул монеъ шаванд.
Дар натиҷаи тирандозӣ аз ҷониби марзбонони қирғиз панҷ нафар сокинони деҳаи Қалъача захмӣ шуда, марзбонони тоҷики ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда аз силоҳи оташфишон истифода накардаанд.




Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста