Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Никитюк Виктор Олегович вохӯрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Никитюк Виктор Олегович дар навбати худ ба Вазири корҳои дохилӣ барои пазироӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос намуд.