Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Абдулризо Раҳмонии Фазлиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, Рамазон Раҳимзода аз имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ», ки дар ҳузури сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ сурат гирифт, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Эрон сол аз сол рушду инкишоф ёфта, робитаҳои сиёсӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-маданӣ беш аз пеш тақвият меёбанд.

Ҳамзамон  вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз густариш ёфтани робитаҳои мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Эрон ва иштирок дар вохӯриву конференсияҳо ёдовар гардида, аз хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, инчунин хариду фурӯши одамон изҳори нигаронӣ намуд. Мавсуф қайд кард, ки танҳо дар ҳамкорӣ ва муборизаи дастаҷамъона метавон ин таҳдиду хатарҳоро, ки ба амнияти минтақа халал ворид менамояд, бартараф намуд.

Рамазон Раҳимзода аз мубодилаи афкор ва табодули таҷриба дар фаъолияти кормандони милитсия ёдовар гардида, пешниҳод намуд, ки барои аз наздик ошно гардидан ба фаъолияти ҳамдигар, кормандонро барои омӯзиш ба донишкадаҳои олӣ равон созанд.

Вазири кишвари Эрон Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ вохӯрии сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасани Рӯҳониро як қадами қатъӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии ин ду кишвари дӯсту бародар, ҳамфарҳанг ва ҳамдину оин арзёбӣ намуд.

Ӯ қайд кард, ки Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ба дастовардҳои назаррас расидааст ва ҳамзамон илова намуд, ки мардуми Эрон дар симои тоҷикону Тоҷикистон бародарони худ, як кишвари обду зебо, фарҳангдӯст ва обдкору тамаддунпарварро мебинанд.

«Мо ҳамеша омода ҳастем ҷиҳати ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамтоёни худ аз Тоҷикистон дасти ҳам бигирем ва он пешниҳоде, ки Рамазон Раҳимзода бо мақсади табодули таҷриба ва омӯзиш дар донишкадаҳои ҳам Тоҷикистну ҳам Эрон манзур намуданд, самимона қабул намоем», - гуфт Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ.