Ҷасади Осияи панҷсола, ки рӯзи 8-уми август дар шаҳри Душанбе бедарак шуда буд, дар ноҳияи Ҳисор дарёфт шуд. Сабабҳои марги ӯ аз натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ маълум хоҳанд шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи ВКД Тоҷикистон Алиҷон Савров хабар дод, ҷасади духтарча рӯзи 13-уми сентябр дарёфт шудааст. Бино ба маълумоти ӯ, ҷасади духтарча дар яке аз ҷуйборҳои ноҳияи Ҳисор пайдо шуда, бинобар сабаби муддати тӯлонӣ дар зери об мондан вайрон шуда буд.
Радиои «Озодӣ» бо такя ба гуфтаҳои яке аз наздикони духтарча иттилоъ медиҳад, ки дар бораи дар дохили ҷӯйбор пайдо шудани ҷасади Осия зане, ки назди ҷуйбор иқомат дошт, хабар додааст. Ба гуфтаи наздикони Осия, пас аз ташхис кормандони милиса ҷасади духтарчарон ба онҳо додаанд ва рӯзи 14-уми сентябр ӯро ба хок супурдаанд.
Осия дар ҳуҷҷатҳои расмиаш бо номи Сабоҳат Диловарова сабт шуда, рӯзи 8 августи соли ҷорӣ аз назди хонаашон дар кӯчаи Айнӣ, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, бедарак шуд. Духтарча бо модараш дар бинои манзили зисте иқомат дошт, ки моҳи марти соли гузашта хоҳарони гумшуда Малика ва Сабина Араловаҳо зиндагӣ мекарданд.
Бинои манзили зисте, ки аз он се нафар кӯдакон гум шуданд, ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тааалуқ дорад. Ҳавлии бино бо панҷара пӯшонида шуда, бедаракшавии духтарон аз ин ҳавлӣ натанҳо сокинони бино, балки тамоми шаҳри Душанберо нигарон кард.




Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло рафта, лекин дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Одам14 сентябр, 2020 19:11
Худочони мехрубон он касе ки ин кудакро кушт чазои бадро насибаш гардон.Магар ин харомзода фарзанд надорад,ки ба кудаки 5сола чунинро раво дид..