Бо супориши президенти мамлакат Агентии «Тоҷикстандарт» дар қаламрави ҷамоати Лаккони шаҳри Исфара барои марзбонон ба маблағи 7 млн. сомонӣ дидбонгоҳи нав бунёд кард.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маросими чанде қабл доиргардидаи ифтитоҳи дидбонгоҳи марзӣ котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Аюдураҳим Қаҳҳоров, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии кишвар генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода ширкат варзиданд.

«Дар дидбонгоҳи воқеъ дар ду гектар барои адои хизмати марзбонон тамоми шароитҳо муҳайё шуда, дар он бинои иқомати афсарону сарбозон, ҳаммом, ошхона, ҷойи нигаҳдории сагҳои хизматӣ, аспҳо ва майдони сафороӣ сохта шудаанд», - гуфт Тешаев.

Ба қавли ӯ, дар маросими ифтитоҳи дибонгоҳ раиси шаҳри Исфара ваъда додааст, ки барои бунёди хоҷагии ёрирасон ба марзбонон боз 2 гектар замин ҷудо мекунад.