Имрӯз, 1-уми октябр дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз мегардад, ки то 30-юми ноябр идома меёбад.
Муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ комиссияи тадорукотии даъвати тирамоҳӣ ба хизати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро роҳбарӣ мекунад. Сардори Раёсати ташкилӣ-сафарбарии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ Хушвахт Мироваров муовини ӯ таъин шудааст.
Бино ба иттилои сухангӯи Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев, мувофиқи қарори комиссияи ҷумҳуриявӣ, дар ҷараёни даъват ба масъалаи боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, муоинаи тиббии даъватшавандагон ва фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Иҷрои масъалаҳои ташкили даъват ба хизмати ҳарбӣ, таъмини муоинаи хушсифати тиббии даъватшавандагон, мусоидат ба кори фаъолонаи ҳукуматҳои маҳаллӣ дар бахши тарбияи ватандӯстии насли наврас ба дӯши ин комиссия вогузор шудааст.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми октябр оғоз гардида, то 30-юми ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.
"Тоҷик Эйр" парвоз аз Душанбе ба Раштро ҳам оғоз мекунад. Кай ва нархи чипта чанд аст?
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, гузаштани Тоҷикистон ба “алифбои дигар айни ҳол матраҳ нест”
Размикори тоҷики ММА Беҳрӯз Зуҳуров ба арсаи ҷаҳонӣ бармегардад
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми гумонбарони "парвандаи табаддулот"-ро эълон кард
Хароҷоти буҷети Тоҷикистон барои пардохти қарзи давлатӣ хеле зиёд мешавад
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сайёди зоҳиднамо ва мурғи зирак”
Даргузашти Оқохони 4, пешвои исмоилиҳои ҷаҳон
Пешниҳоди таъсиси Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Кувайт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста