Дар ҷараёни сафар ба ВМКБ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо фаъолияти шуъбаҳои милиса дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон аз наздик ошно гардида, бо ҳайати шахсии шуъбаҳои мулоқот кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, вазир дар шаҳри Хоруғ аз Дастаи таъиноти махсуси милитсия дидан карда, бо ҳайати шахсии он ҳамсӯҳбат шуд. Бояд зикр намуд, ки чанд муддат пештар бинои замонавии Дастаи таъиноти махсуси милитсия бо иштироки Сарвазири кишвар Қ. Расулзода мавриди истифода қарор гирифта буд. Вазир аз масъулияти баланди хизматӣ дар назди кормандони Воҳиди махсуси Вазорат ибрози назар намуда, қайд кард, ки муборизаро бо ҷинояткорӣ ва падидаҳои номатлуби ҷомеа бояд пурзӯр намуд.
Нимаи дуюми рӯзи 2-юми декабр Рамазон Раҳимзода дар якҷоягӣ бо Раиси ВМКБ Шодихони Ҷамшед аз рафти сохтмони бинои нави Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ боздид карданд. Сохтмони бинои мазкур бо тарҳи замонавӣ дар назар дошта шуда, дар мӯҳлатҳои наздиктарин мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
дар толори маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳри Хоруғ вазири корҳои дохилӣ бо фаъолон, зиёиён, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии шаҳру ВМКБ, ки дар он раиси вилоят Шодихони Ҷамшед ва дигар раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд, вохӯрӣ доир намуд.
Дар идомаи сафари кориаш вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо ҳамроҳии раиси ВМКБ Шодихони Ҷамшед ва раиси тозаинтихоби шаҳри Хоруғ Қимматгул Алибердиева ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ташриф оварда, бо донишҷӯёну устодони ин боргоҳи илм вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ бо донишҷӯёну устодон, саволу ҷавоби озод ва сӯҳбати кушод баргузор гардида, он аз ҷониби ҷавонон хуб пазироӣ гардид.
Ин сӯҳбати озоду ошкоро асосан мавзӯҳои ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон, мубтало гаштан ба нашъамандӣ, вируси норасоии бадан (СПИД), мушкилоти майзадагӣ, масоили худкушӣ, даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ ва ба ҳалокат расидани ҷавонон, бе ҳуҷҷати ронандагӣ рондани воситаи нақлиёт, автомашинаҳои сиёҳшиша, кору фаъолият ва муносибат ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, иштироки ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои кишварҳои исломӣ, аз қабили Сурия, шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию эсктремистӣ ва ғайраро дар бар гирифт.
“Ҳукми сангин” ва “додгоҳ кӯдаки ширхорро ба инобат нагирифт”. Вокунишҳо ба ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимова
Нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон мешавад?
Раиси вилояти Суғд: Соли гузашта дар вилоят беш аз 100 корхонаи саноатӣ аз кор монд
"Тоҷик Эйр" парвоз аз Душанбе ба Раштро ҳам оғоз мекунад. Кай ва нархи чипта чанд аст?
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, гузаштани Тоҷикистон ба “алифбои дигар айни ҳол матраҳ нест”
Размикори тоҷики ММА Беҳрӯз Зуҳуров ба арсаи ҷаҳонӣ бармегардад
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми гумонбарони "парвандаи табаддулот"-ро эълон кард
Хароҷоти буҷети Тоҷикистон барои пардохти қарзи давлатӣ хеле зиёд мешавад
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста