Рӯзи 3-юми декабри соли равон дар Маркази байналмиллалии Вена иҷлосияи 57 Комиссия оид ба воситаҳои нашъадор кори худро оғоз намуд, ки дар он директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назарзода иштирок ва суханронӣ кард.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, зимни суханронӣ директори Агентӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон ба таҳким ва рушди ҳамкории байналмиллалӣ диққати махсус медиҳад. Тоҷикистон дар амалисозии Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар самти дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои солҳои 2011-2015 фаъолона иштирок менамояд.
Баъдан роҳбари Агентӣ диққати ҳозиринро ба он равона намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” тасдиқ гардид, ки он ҳуҷҷати асосӣ мебошад, ки фаъолияти ҳамаи вазоратҳо ва идораҳои ҷумҳуриро дар самти назорати маводи нашъаовар муайян менамояд.
Роҳбари АНМН қайд намуд, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки сарони кишварҳои нозир ва меҳмонҳои СҲШ дар арафаи даъвати Иҷлосияи Махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба масъалаҳои маводи нашъаовар бо ташаббуси навбатии гузаронидани конфронси минтақавӣ дар сатҳи баланд оид ба масъалаҳои таҳдиди маводи нашъаовар бо иштироки кишварҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмиллалӣ дар соли 2015 иқдом варзид
Гуфта мешавад, санаи 4уми декабр4 мулоқоти директори Агентӣ Р. Назарзода бо муовини директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷаноби Алдо Лале-Демоз баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҳолат, тамоюл ва пешгӯии инкишофи вазъи вобаста ва маводи нашъаовар дар минтақа, рафти амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои зиддимухаддиротии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон муҳокима гардиданд. Ҷаноби Алдо Лале-Демоз нақши Тоҷикистонро дар масъалаи ташкили назорати маводи нашъаовар ва корҳои дар таҳкими ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва амнияти минтақавӣ гузаронида шуда истода баланд арзёбӣ намуд. Ӯ инчунин қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои тӯлонӣ шарики боэътимоди Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар самти дастгирии амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои зиддимухаддиротӣ, кишваре мебошад, ки сиёсати зиддимухаддиротии минтақаро муайян месозад.
Р. Назарзода роҳбарияти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро барои иштироки фаъолона ва гузаронидани конфронси мазкур, инчунин омода намудани пешниҳодот барои баррасии онҳо дар соли 2016 дар Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба масъалаҳои маводи нашъаовар дар минтақа даъват намуд.
“Ҳукми сангин” ва “додгоҳ кӯдаки ширхорро ба инобат нагирифт”. Вокунишҳо ба ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимова
Нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон мешавад?
Раиси вилояти Суғд: Соли гузашта дар вилоят беш аз 100 корхонаи саноатӣ аз кор монд
"Тоҷик Эйр" парвоз аз Душанбе ба Раштро ҳам оғоз мекунад. Кай ва нархи чипта чанд аст?
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, гузаштани Тоҷикистон ба “алифбои дигар айни ҳол матраҳ нест”
Размикори тоҷики ММА Беҳрӯз Зуҳуров ба арсаи ҷаҳонӣ бармегардад
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми гумонбарони "парвандаи табаддулот"-ро эълон кард
Хароҷоти буҷети Тоҷикистон барои пардохти қарзи давлатӣ хеле зиёд мешавад
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста