Маросими супурдани тӯҳфаҳои солинавӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст дар Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа шурӯъ гардида, он то ротаву взводи алоҳида ва ба ҳар як афсару сарбози қисмҳои низомӣ расонида шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, аз номи президенти ба муассилини Литеийи ҳарбӣ тӯҳфаҳои солинавӣ ва ба як қатор донишҷӯёни ин муассисаи миёнаи таълимии ҳарбӣ, ки ятиманду ба таври имтиёз шомили литсейи мазкур гаштаанд сару либос тақдим карда шуд. амин гуна чорабинӣ ё худ маросими супурдани тӯҳфаҳои солинавӣ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа низ бо шукӯҳи хоса доир шуд.
Гуфта мешавад, ҳамин тариқ, дар арафаи соли нави мелодӣ тӯҳфаҳои солинавӣ, аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ - Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми афсарону сарбозони қисмҳои низомии алоҳида, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, донишҷӯёни низомии муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, фарзандони хизматчиёни низомӣ ва аҳли оилаи афсароне, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаанд, расонида шуд.
Илова бар ин, ба ғайр аз тақдими тӯҳфаҳои солинавӣ, барои оростани дастурхони идона, аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои тобеи Қувваҳои Мусаллаҳ 157 тонна маводи хурокворӣ, аз қабили гӯшт, равған, шириниҳо, меваҷот ва маҳсулоти гуногуни полезиву донагӣ расонида шуд.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста