Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Қайроққум ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қайроққум баъд аз таъмири ҷорӣ ширкат варзид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, бинои ШВКД дар шаҳри Қайроққум сеошёна буда, баъди таҷдиду азнавсозӣ бо ҳаммоми замонавӣ, ошхона ва дигар нуқтаҳои моддӣ-маишӣ барои кормандон ва тамоми таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст.

Гуфта мешавад вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз шӯъбаи таҷдидгардида аз сифати корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармим изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки дар ҷавоб ба чунин дастгирию ғамхориҳо ҳайати шахсиро мебояд, ки фаъолияти хизматиро боз ҳам ҷоннок намуда, муборизаро бар зидди ҷинояткорӣ пурзӯр намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки бинои ШВКД дар шаҳри Қайроққум дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода азнавсозӣ ва таҷдид гардида, ба истифода дода шуд.