- Хадамоти махсуси Тоҷикистон дар бораи ҷамъшавии гурӯҳҳои сершумори мусаллаҳ бевосита дар марзҳои худ бо Афғонистон, ки ба ҳукумати расмии Кобул итоат намекунанд, маълумот дар даст дошта, баҳри таҳкими қитъаҳои марз як қатор тадбирҳо андешидад, - хабар додааст ба ТАСС як манбаъ аз Кумитаи давлатии амнияти милии ҷумҳурӣ дар шарҳи маълумоти ВАО-и маҳаллӣ ва хориҷӣ оид ба вуруди имконпазири гурӯҳи толибони афғонӣ ва дигар гурӯҳҳои тундгарои исломӣ ба қаламрави Тоҷикистон.
«Мо бодиққат вазъ дар марз бо Афғонистон, бахусус дар қитъаҳои самти Бадахшон ва Панҷро пайгирӣ дорем, ки тибқи маълумоти иктишофӣ дар ин ҷо тамаркузи афроди мусаллаҳи узви гурӯҳҳои ифротгаро ва тундгарои «Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва дигар гурӯҳҳои таҳти назорати Кобул қарорнадошта ба мушоҳида мерасад», - иброз доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар ин самт оид ба табодули фаврии маълумот бо ҳамтоён аз Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҳамкориҳо ба роҳ монда шудаанд.
Ғайр аз ин, намояндаи КДАМ ба ҳодисаҳои ахиран афзудани ҳодисаҳои қочоқи маводи мухаддир ва гаравгонгирии ҳам шаҳрвандони мулкиву ҳам марзбонони тоҷик дар марз бо ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. «Айни замон чор нафар марзбонони мо таҳти асорати ҷангиён қарор доранд ва ҷиҳати озодкунии онҳо гуфтушунидҳо идома доранд», - қайд кардааст номбурда.




Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста