Аввали моҳи январи соли ҷорӣ даври зимистонаи омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид ва вобаста ба ин, дар тамоми ҷузъу томҳои тобеи Вазорати мудофиа ҷамъомад доир гардида, афсарону сарбозон аз рӯйи мавзӯҳои пешбинишуда, дар давоми даври омӯзиш ба таълимоти фаннҳои низомӣ фаро гирифта мешаванд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи ҶТ, бо фармони вазири мудофиаи ҷумҳурӣ соли равон, оғози таҳсили зимистона ба аввали моҳи январ гузаронида шуда, барномаи таълимии омӯзиш тибқи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ сурат мегирад ва сарбозон мувофиқ ба талаботи давру замон омӯзонида мешаванд. Ҳамасола афсарону сарбозон дар асоси барномаи таҳияшуда, ба таълиму тадриси мавзӯҳои мухталиф ва машғулиятҳои амалӣ-саҳроӣ ҷалб карда мешаванд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия дар соли нави хониш бо дастгирии роҳбарияти Вазорати мудофиа синфхонаҳои таълимӣ бо ашёву лавозимотҳои техникии наву замонавӣ муҷаҳаз гардонида шудааст. Ин ба афсарону сарбозон имкон медиҳад, ки дар ҷараёни дарсҳои назариявӣ ва амалӣ аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд.
Қайд кардан зарур аст, ки зимни анҷоми даври омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як афсару сарбози Артиши миллӣ аз дарсҳои Тайёрии ҷамъияти давлатӣ, командирӣ, тайёрии ҷисмонӣ, машғулиятҳои тахассусӣ вобаста ба мавзӯҳои пешбинишуда дар назди масъулини соҳа санҷиш месупоранд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола даври тобистонаи омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали моҳи июн оғоз гардида, даври зимистонаи он дар аввали моҳи декабр роҳандозӣ мегардад.




Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Ҳавои моҳи январ дар Тоҷикистон камбориш ва нисбатан гарм пешбинӣ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста