Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода  зимни вохӯрии имрӯза бо журналистон маълумот оид ба таҷаммӯъи ҷангиён дар минтақаи наздимарзии Афғонистон бо кишвари моро тасдиқ кард.

Ӯ қайд кард, ки дар ин робита Тоҷикистон ба тадбирҳои ҳимояти марз бо Афғонистон, ки масофааш ҳудуди 1 ҳазору 400 километрро ташкил медиҳад, тақвият мебахшад.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои дохилӣ таъкид дошт, ки ҷангиёни дар қаламрави наздимарзии Афғонистон қарордошта ба гурӯҳҳои гуногун, аз ҷумла ҳаракати «Толибон» ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (Туркистон) мансубанд.

«Ба ҷуз сохторҳои қудратӣ, мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шудаанд», - иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, сохторҳои дахлдори Тоҷикистон бо мақомоти қудратӣ ва таъмини тартиботи Афғонистон мудом дар тамосанд.

«Тибқи қарордоди қаблан ҳосилшуда, ояндаи наздик дар Афғонистон намояндагии ВКД Тоҷикистон боз мегардад, ки ба ҳамоҳанг сохтани кӯшишҳои мақомоти умури дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккил, ифротгароӣ, терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мусоидат менамояд», - изҳор дошт Раҳимзода.