Намояндаи Тоҷикистон Бадриддин Мирзоев раиси Шӯрои доимии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) интихоб шуд. Дар ин бора дар торнамои расмии СААД хабар дода мешавад.

«Бинобар сабаби соли равон раёсат дар созмонро ба уҳда гирифтани Тоҷикистон, масъалаи интихоби раиси Шӯрои доимии СААД баррасӣ шуд», - иттилоъ дода мешавад дар сомонаи СААД.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи Шӯрои созмон дабири кулли СААД Николай Бордюжа ва сардори Ситоди муттаҳидаи созмон генерал-лейтенант Александр Студеникин иштирок кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ оид ба рушди ниҳоди шарикӣ дар бахши ҳамкории низомиву иқтисодӣ дар доираи СААД, лоиҳаи қарори Шӯрои вазирони мудофиа кишварҳои узви СААД дар бораи таҳкими нақши муассисаҳои таълимии низомӣ ва муассисаҳои илмӣ ва тадбирҳои такмили чорабиниҳои омодагии кадрҳои ҳарбӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимӣ ва илмии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви созмон баррасӣ шуда, тасмим гирифта шудааст, ки ин ҳуҷҷатҳо ҷиҳати мувофиқасозӣ ба мақомоти дахлдори кишварҳо пешниҳод карда шаванд.