Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабов Раҷабалӣ Сайфиддинович, Раиси шаҳри Кӯлоб Раҳмонзода Абдуғафор, собиқадорони мақомот, ҳайати устодону курсантон ва дигар меҳмонони расмӣ маросими кушодашавии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар маросими ифтитоҳи Коллеҷи милитсия Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода баромад намуда, зикр кард, ки «Қабл аз ҳама шумо шогирдони азиз, курсантони Коллеҷи милитсияро, ки аз аввалин шогирдон ва таҳсилкунандагони ин муассисаи таълимӣ ҳастед, ба муносибати ифтитоҳи бинои наву замонавии Коллеҷи милитсия самимона муборакбод мегӯям ва барои чунин эътимоду боварӣ ва ғамхорӣ шуморо зарур аст, ки бо рафтори намунавӣ ва дониши хубу аъло таҳсилро идома, дода фардо мутахассиси ин соҳа гардед».
Бояд зикр намуд, ки Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 7-уми августи соли 2014 таъсис дода шуда, айни замон зиёда аз 100 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Муддати таҳсил дар коллеҷ чорсола буда, дар он асосан фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, инчунин оилаҳои бесаробон монда ва ятимон таҳсил мекунанд. Хатмкунандагон баъди хатми Коллеҷ метавонанд дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таҳсилашонро идома диҳанд ва ё дар сафи мақомот ба кор қабул гарданд.
Коллеҷи мазкур довталабонро пас аз хатми таҳсилоти миёнаи нопурра (баъди синфи 9) ва таҳсилоти ҳамагонӣ (баъди синфи 11) аз ятимхонаҳо, мактаб-интернатҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ қабул менамояд.
Дар коллеҷ хонандагон аз фанҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқ, забонҳои хориҷӣ, даабиёт ва ғайра маълумот гирифта, ҳамзамон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои олии Ватан, инчунин тарбияиҳарбӣ-ватандӯстӣ дар давоми 4 ва 2 сол таълим мегиранд.
Дар идомаи чорабинӣ маросими савгандёдкунӣ ва марши тантанавӣ баргузор гардида, курсантони Коллеҷи милитсия бонавбат қасам ёд карданд, ки ба халқу Ватан шарафмандона хизмат хоҳанд кард.
Дар хотимаи ҷамъомад аз номи Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ду автомашинаи сабукрав ва тӯҳфаҳои қимматнок, аз қабили компютер, принтер, телевизор, кондитсионер, таҷҳизотҳои гармидиҳанда, тефал, дарзмол ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим карда шуд.




Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста