- Роҳбари созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов ба ҳабс гирифта шуда, дар яке аз тавқифгоҳҳои муваққатии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, - гуфт зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати назорати қонуният дар мақомоти ВКД ва АНМН-и Прокуратураи генералии Тоҷикистон Ризо Халифазода.
Ба гуфтаи ӯ, нисбати боздоштшуда мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, парвандаи мазкурро муфаттишони ВКД Тоҷикистон тафтиш мекунанд.
Дар Прокуратураи генералӣ қайд карданд, ки айни замон нисбати 32 нафар аъзои созмони «Гурӯҳи 24», ки моҳи октябри соли гузашта бо қарори Суди олӣ созмони ифротгаро эътироф шуда, фаъолияташ манъ шуда буд, 9 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ҳамин ҳол, таъкид гардид, ки дар бораи истирдоди аъзои «Гурӯҳи 24» аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон Прокуратураи генералӣ маълумот дар даст надорад.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» рӯйхати аъзои дар Русия ва Тоҷикистон боздоштшудаи созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» интишор шуд.




Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста