Хадамоти иктишофии байниидоравӣ (ISI) – мақомоти асосии иктишофи хориҷии Покистон роҳбари бахши созмони террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» Қамариддин Аҳроров ва чор нафар ҳаммаслакони ӯ, ҳамчунин як нафар узви ҳаракати «Толибон»-р, ки дар қаламрави Тоҷикистон як қатор амалҳои террористӣ содир карданӣ буданд, ба ихтиёри Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон супурд.

Муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров имрӯз, 4 феврал зимни сухаронӣ дар палатаи поёнии парлумон дар ин бора хабар дод.

Зимни шарҳу тавзеҳи масъалаи тасдиқи Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон дар бораи таъсиси гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, ки ҳанӯз моҳи июни соли 2014 ба имзо расида буд, М.Умаров таъкид дошт, афроде, ки онҳоро Покистон ба ихтиёри Тоҷикистон супурдааст, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Умаров ҳамчунин қайд кард, ки созишномаи мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахши таъмини амнияти ҳарду кишвар нигаронида шуда, барои беҳбуди вазъи муҷаҳҳаз будани КДАМ Тоҷикистон бо лавозимоту таҷҳизоти техникӣ, Покистон ҳамчунин воситаҳои махсус низ ҷудо мекунад.