Бахши ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо Маркази равобити шаҳрвандӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи ИМА омӯзишро оид ба мубориза алайҳи ифротгароии шадид ташкил намуд, ки дар он зиёда аз 20 афсари қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок дошта, ифротгароии шадиди диниро муҳокима кардаанд. Ин чорум давраи омӯзишӣ оид ба ин масъала дар ду соли охир мебошад.
Тавре аз бахши иттилооти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, коршиносон аз Амрико ин чорабинии чоррӯзаро гузаронда, ба афсарон дар омӯхтани роҳи таҳияи стратегияи ҷилавгирӣ ва мубориза зиди зӯроварии динӣ кӯмак намуданд. Ин семинар ба афсарон дар омӯхтани тарзи кор бо ҷомеаи динӣ ёрӣ расонд. Ҳамчунин иштирокчиён муфассал бо тартиби ҳамкории зич байни вазорату идораҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии мубориза алайҳи радикализми динӣ шинос шуданд.
Гуфта мешавад, бахши ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА омӯзишҳои мухталиф, муҷаҳҳазгардонӣ ва фаъолияти шарикона бо қувваҳои мусаллаҳу мақомоти амнияти Тоҷикистон татбиқ мекунад, аз ҷумла дар ҷодаи мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амнияти сарҳад, фаъолияти сулҳҷӯёнаи СММ, кӯмаки башардӯстона, безараргардонии мина ва дигар самтҳо.
Бахши мазкур барномаи ҳамкории ҳарбии Фармондеҳии марказии ИМА-ро идора мекунад, ки омӯзиши мазкур низ аз шомили он аст, ва ҳар сол тақрибан 80 чорабинӣ дар Тоҷикистон ва ИМА баргузор мекунад. Аз соли 2003 Бахши ҳамкории ҳарбӣ тақрибан 200 миллион доллари ИМА-ро дар шакли кӯмаки ҳарбӣ барои Тоҷикистон ҳамоҳанг кардааст.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста