Дар толори Вазорати корҳои дохилӣ озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» бо иштироки васеи намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ баргзор шуд. Озмунро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳусни оғоз бахшида, тамоми ҳозирин ва иштирокчиёни онро хайра мақдам гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 17 нафар довталабоне, ки ба давраи дуюми озмун роҳхат гирифтаанд ва намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъадор, Гвардияи миллӣ, Хадамоти гумрук, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ва Донишгохи славянии Русияву Тоҷикистон нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯӣ»-и Рамазон Раҳимзода тақдим карда шуд.

Дар идомаи озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ саволҳои худро ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро  доир ба нашри китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» иброз намуда, перомуни самтҳои гуногуни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Сипас, даври финалии озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ»боиштироки 17 нафар кормандони оперативии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъадор, Гвардияи миллӣ ва Хадамоти гумрук баргузор гардид.

Иштирокчиёни озмун бо навбат ба саҳна баромада, билет гирифта, ба саволҳо ҷавоб гардониданд.

Ҳамин тариқ, миёни 17 нафар довталаб, 6 нафар ба даври ниҳоӣ баромада, барои гирифтани ҷойҳои намоён маҳорати касбии худро санҷиданд.

Инҳо: полковники адлия Йигитов Рустамбой – корманди КДАМ, капитани адлия Сафаров Шодӣ – корманди АНДММК, лейтенанти хурди адлия Алиев Ҳусниддин – корманди КДАМ, лейтенанти адлия Аламов Манучеҳр – корманди АНДММК, подполковники милитсия Далиев Нуралӣ- корманди РКҶ ВКД ва подполковники милитсия Одинаев Фирузшоҳ – сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ буданд.

Дар идомаи озмун барои гирифтани ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ва соҳиб шудан ба нишони сарисинагии «Беҳтарин корманди оперативӣ» ва маблағи пулӣ (дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ, 3 ҳазор сомонӣ ва 2 ҳазор сомонӣ) ширкаткунандагон ҷаҳду талош варзида, ба саволҳо посухи мушаххас доданд.

Ҳамин тариқ ғолибони озмун муайян гардида, бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, маърифати илмӣ ва нишон додани савияи дониши аъло дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ғолиб гардидан дар озмуни ҷумҳуриявии «Корманди беҳтарини оперативӣ» кормандони зерин, аз ҷумла:

-барои ишғол намудани ҷойи якум дар озмуни ҷумҳуриявии «Корманди беҳтарини оперативӣ», бо нишони сарисинагии Вазири корҳои дохилӣ «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва бо маблағи пулии 4000 (чор ҳазор) сомонӣ:

 -лейтенанти хурд Алиев Ҳусниддин Шералиевич –корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-барои ишғол намудани ҷойи дуюм дар озмуни ҷумҳуриявии «Корманди беҳтарини оперативӣ», бо нишони сарисинагии Вазири корҳои дохилӣ «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва бо маблағи пулии 3000 (се ҳазор) сомонӣ:

-полковники адлия Йигитов Рустамбой Тошевич –корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-барои ишғол намудани ҷойи сеюм дар озмуни ҷумҳуриявии «Корманди беҳтарини оперативӣ», бо нишони сарисинагии Вазири корҳои дохилӣ «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва бо маблағи пулии 2000 (ду ҳазор) сомонӣ:

-лейтенанти калони адлия Аламов Манучеҳр Аюбҷонович – корманди Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои иштироки фаъолона ва нишон додани малакаи баланди касбӣ дар озмуни ҷумҳуриявии «Корманди беҳтарини оперативӣ» бо маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ:

-капитани адлия Сафаров Шоди Ҷумаевич –корманди Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои иштироки фаъолона ва нишон додани малакаи баланди касбӣ дар озмуни ҷумҳуриявии «Корманди беҳтарини оперативӣ» бо маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ:

-подполковники милитсия Далиев Нурали Саидмуродович –корманди Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-барои иштироки фаъолона ва зоҳир намудани лаёқати касбӣ дар озмуни ҷумҳуриявии «Корманди беҳтарини оперативӣ» бо тӯҳфаи арзишноки «Соати дастӣ» аз номи Вазири корҳои дохилӣ:

-полковники милитсия Қосимова Маҳбуба Абдунабиевна –корманди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии  Тоҷикистон;

-полковники милитсия Ашурзода Абдуҷалил Халил – сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;

-лейтенанти калон Абдуллоев Хайрулло Иброҳимович –корманди Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Шарипов Амирҷон Сунатуллоевич – донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо барои хизматҳои шоён ва арзанда дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ»-ро супорид.