Қатли як ҷавон дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ сабаби тазоҳуроту бетартибӣ дар як рустои ин вилоят шуд.
Бино ба иттилои бахши тоҷикии торнамои радиои «Озодӣ» , Раёсати минтақавии пулиси Қазоқистон гуфтааст, дар натиҷаи бетартибиҳои шоми 5-уми феврал дар рустои Интимоқ чандин мошинро оташ задаанд ва чанд хона ҳам осеб дидааст.
Гуфта мешавад, бетартибӣ баъди он сар задааст, ки мардуми рустои Интимоқ, рӯзи 4-уми феврал ҷасади кордхӯрдаи Бахтиҷон Ортиқов, як сокини русторо дар наздикии рустои Бустондиқ пайдо кардаанд. Навмиддин Норматов, сокини ҳамин русто, ки ба қатл муттаҳам мешавад, ғайб задааст.
Як афсари пулиси минтақа рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “байни тоҷикону қазоқҳо нофаҳмӣ сар зада” ва сабаби бетартибӣ шудааст. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, баъди сафарбар шудани маъмурони амниятӣ ва милиса, вазъ дар рустои Интимоқ ором шудааст.




Бозхонди фурӯши баъзе аз маҳсулоти ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста