Гулрухсор Рофиева, ҳамшираи шафқати тоҷик, ки дар Яман кор мекард, имрӯз 10-уми феврал баъди асорати қариб 4-моҳа озод карда шуд.

Тибқи иттилои Радиои «Озодӣ» бо истинод ба маълумот аз намояндагии ширкати русиягӣ дар Яман, Гулрухсор Рофиева  ҳоло дар маҳалли кораш – бемористони маркази вилояти Маъриб қарор дошта, қарор аст, ки то 2 рӯзи дигар ба пойтахти Яман, шаҳри Санъо мерасад.

Манучеҳр Абдуев, як намояндаи ширкати Русия дар Яман гуфтааст, Гулрухсор Рофиева  субҳи 10-уми феврал озод карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шуъбаи занонаи госпитали ҳарбии Маъриб кор мекард, рӯзи 29-уми октябри соли гузашта аз ҷониби афроди номаълум рабуда шуда буд. То ин замон дар бораи тақдири минбаъдаи ӯ чизе маълум набуд.

Яке аз табибони тоҷике, ки дар бемористони шаҳри Маъриб кор мекунад, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ  тасдиқ кардааст, ки Гулрухсор Рофиеваро тақрибан 2 соат пеш раҳо карданд ва ин табиб ӯро аз наздик дидааст: «Чеҳрааш каме азиятдида ба назар меояд, маълум, ки хеле азоб кашидааст дар дасти гаравгонгирҳо. Вале ба сурати умум, Гулрухсор хеле хушҳол буд».

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз озодии табибзани тоҷик аз асорат дар Яман маълумот дар ихтиёр надоранд.