Аввали ҳафтаи равон дар Шӯъбаи венагии Дафтари СММ 58-умин ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир (CND) кори худро оғоз намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти ин ҷаласа муҳокимаи омодагӣ ба иҷлосияи махсуси Маҷмаи Умумии СММ ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи мухаддир, ки баргузории он дар соли 2016 ба нақша гирифта шудааст, доир гардид.

Ҳайати Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур Намояндагии доимии кишвар дар САҲА ва созмонҳои дигари байналхалқӣ дар Вена муаррифӣ кард.

Гуфта мешавад, дар ҳошияи ҷаласа бо ибтикори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи алоҳида ҷиҳати рӯнамоии “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014” ташкил карда шуд, ки дар он маводҳои иттилоотӣ-тарғиботӣ, армуғонӣ ва видеоӣ ба маърази ширкаткунандагон  ва ташриф оварандагони маърака гузошта шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон, бо ташаббуси Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) муштаракан бо Намояндагии доимии Тоҷикистон, бо назардошти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Созмон дар соли 2015 маърӯза зери унвони “СААД- зидди маводи мухаддир” доир гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои аъзо ва дигар ҳайъатҳо ширкат доштанд. Зимни маърӯза оид ба нақши ҳамкориҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи маводи мухаддир махсус таъкид карда шуд.

Қобили зикр аст, ки 58-умин ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир (CND) кори худро то 17 марти соли ҷорӣ давом хоҳад дод.