Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикиситон мулоқоти суовини вазири корҳои дохилӣ  генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа баргузор гардид. Дар вохӯрӣ хамчунин муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадзода Суҳроб Талбак ва роҳбарони ҷузъу томҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ иштирок доштанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таъмир ва нигоҳдории воситаҳои нақлиётии Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис додани марказҳои хизматрасонӣ ва устохонаҳо барои таъмири техника ва воситаҳои махсуси самти кори милитсия, инчунин воситаҳои алоқаро мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби иштирокчиёни вохӯрӣ пешниҳод гардид, ки вобаста ба мустаҳкам намудани ҳудуди наздисарҳадӣ ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани техникаву воситаҳои алоқа гуруҳи корӣ созмон дода шавад.