Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) масъалаи имкони роҳандозии ҳамкории корхонаҳои Тоҷикистону Русия бо мақсади истеҳсоли молу таҷҳизоти таъиноти низомиро баррасӣ дорад.
«Чанде аз корхонаҳои Тоҷикистон, ки қаблан дар соҳаи саноати ҳарбӣ фаъолият доштанду имконоти худро аз даст надодаанд, имрӯз метавонистанд ҷиҳати истеҳсоли ин ё он маҳсулот барои комплекси саноати низомии ҳам Русия ва ҳам дигар кишварҳо фармоиш гиранд», - гуфт зимни нишаст хабарӣ дар Душанбе дабири кулии СААД Николай Бордюжа.
Ба гуфтаи ӯ, ин масъала бо раҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон баррасӣ шуда, нахуст мебояд имконоти мавҷудаи корхонаҳо ва роҳу воситаҳои роҳандозии ҳамкории онҳо бо корхонаҳои Русияро муайян намуд.
«Мо номгӯи чунин корхонаҳои Тоҷикистонро дар даст дорем ва имконоти онҳоро арзёбӣ мекунем. Ҳамчунин моро лозим аст, ки талаботи корхонаҳои саноати ҳарбииРусияро низ мушаххас созем ва ва дар сурати мувофиқи мақсад будан, мо корхонаҳои муштарак дар ин самт таъсис медиҳем, яъне ҳозир муҳим аст, ки ба корҳои тадорукотӣ оғоз бахшида, имконот ва талаботи сохторҳои дахлдори ҳарду кишварро ба инобат гирем», - гуфт ӯ.
Бордюжа ҳамчунин қайд кард, ки «масъаларо шояд каме норавшан баён кардам, вале дар бораи чизи мушаххасе ҳанӯз ҳарф задан барвақт аст». «Ҳарчанд лоиҳаҳои мушаххас мавҷуданд, аммо дар бораи онҳо алҳол чизе гуфта наметавонем», - афзуд номбурда.




Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста