Кормандони посгоҳи назорати гумрукии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе барои кӯшиши интиқоли ғайриқонунии миқдори зиёди асъори хориҷӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат сокини пойтахт Кибриёхон Абдуллоеваи 47-соларо боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, боздоштшуда бидуни пешниҳоди эъломия (декларатсия) тариқи хатсайри ҳавоии Душанбе - Машҳад (Эрон) 37 ҳазору 207 доллари ИМА ва беш аз 350 ҳазор риёли эрониро ба хориҷи кишвар интиқол доданӣ шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва 289 (Қочоқ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.