Бо мақсади беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иҷроиши саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод,ки муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони кумитаҳои маҳаллаҳо, аъзоёни комиссияи даъват бо волидайни ҷавонписароне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд шахсан мулоқот намоянд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, нимаи аввали рӯзи 8 апрел Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили се оила рафт, ки фарзандони онҳо аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, даъватшаванда А. Ҳомидов, А. Фозилов ва Н. Қодиров аз адои хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, бе сабаб ба комиссия даъват ҳозир намешаванд, ҳарчанд ба онҳо намояндагони комиссариати ҳарбӣ то оғози мавсими даъвати имсола даъватномаҳоро супорида огоҳ гардида буданд. Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми мулоқот бо падару модари ин даъватшавандаҳо, доири  ҷавобгарии фарзандони онҳо дар назди қонун, масъулияти волидайн барои тарбияи сазовори фарзандони худ ёдовар шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода ба раисони кумитаҳои маҳаллаҳо супориш дода шуд, ки ҳамкориро бо комиссияи даъват ҳамарӯза дар мадди аввал гузошта, корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ ва худи ҷавонони синни даъватӣ бештар намоянд.