Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода бо раиси Шӯрои кории назди Комиссияи байнидавлатии Созмони Аҳдномаи амнияти  дастаҷамъӣ (СААД) Ноздрачев Александр Василевич ва мушовири Котиботи СААД Никулшин Константин Анатолевич  баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, зимни мулоқот масъалаҳои ба миён омада дар миқёси  СААД ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар самти истеҳсоли маҳсулоти саноати мудофиавӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди тибити пахтагин ва дар оянда ташкил кардани истеҳсолоти селлюлоза дар заминаи КВД «Нури Ховар», истеҳсоли матоъ, сару либос  барои ташкилотҳои мудофиавӣ дар заминаи ҶММ «Хуҷанд Инвест Котон» баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин атрофи масъалаи дар миқёси СААД ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи ширкати бузурги истеҳсоли пойафзол «Фариде»-и Россия бо ҶММ «Пойафзоли чармӣ» барои истеҳсоли пойафзоли чармӣ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизотҳои замонавӣ табодули назар сурат гирифт.

Нимаи моҳи марти соли ҷорӣ дабири кулли СААД Николай Бордюжа зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор намуда буд, ки Созмони масъалаи имкони роҳандозии ҳамкории корхонаҳои Тоҷикистону Русия бо мақсади истеҳсоли молу таҷҳизоти таъиноти низомиро баррасӣ дорад.

«Чанде аз корхонаҳои Тоҷикистон, ки қаблан дар соҳаи саноати ҳарбӣ фаъолият доштанду имконоти худро аз даст надодаанд, имрӯз метавонистанд ҷиҳати истеҳсоли ин ё он маҳсулот барои комплекси саноати низомии ҳам Русия ва ҳам дигар кишварҳо фармоиш гиранд», - гуфт буд дабири кулии СААД.