Рӯзи 10 апрел дар маркази маъмурии вилояти Хатлон бо иштироки вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, меҳмонон ва ҳайати шахсии РВКД-и вилоят маросими кушодашавии бинои нави қисми низомии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, бинои навбунёди қисми низомии 3503 дар як муддати кӯтоҳ сохта шуда, он аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад, ки дар он ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, ошхона ҷойи хоби сарбозон (казарма), ҳаммоми замонавӣ, ҷойи даструшӯӣ ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ ҷойгир шудаанд.
Зимни суханронӣ вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсӣ ва афсарону сарбозони қисми низомии 3503-ро бо рӯзи таъсисёбии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки: «Мо имрӯз дар баробари ҷашн гирифтани рӯзи таъсисёбии Қушунҳои дохилӣ инчунин ба истифода додани биноҳои замонавии қисми низомии 3503-ро таҷлил менамоем.
«Имрӯз биноҳои хуби замонавӣ, ҳуҷраҳои таълимӣ, ҷойи хобу ошхона, толорҳои варзишӣ, майдонҳои машқи тактикӣ ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ дар ихтиёри сарбозону афсарон қарор дошта, беҳтарин кормандону мутахассисони соҳибкасб бо онҳо дар мавзӯи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тайёрии ҷангӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва ғайра машғулият мегузаронанд», - иброз дошт ӯ.
Гуфта мешавад, дар казармаҳои сарбозон тамоми имкониятҳо барои хизмат фароҳам оварда шудааст. Афсарон ва сарбозони ин қисми низомӣ бо майдонҳои машқи тактикӣ ва варзишӣ таъмин гардида, дар баробари пеш бурдани хизмат ҳамчунин бо варзиш пайваста машғул мебошанд.




Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста