Бо мусоидати сафоратҳои Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай 16 нафар шаҳрвандонии Тоҷикистон тавассути роҳи заминӣ аз Ҷумҳурии Яман ба воситаи ҳудуди Салтанати Умон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ворид шуданд.
Бино ба маълуомти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, онҳо 16 апрели соли 2015 бо хатсайри Дубай-Душанбеи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон баргаштанд.
Гуфта мешавад, ҳоло намояндагиҳои дипломатию консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои араб ҷиҳати баровардани шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз Яман чораҳои зарурӣ меандешанд.
Қаблан аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ дода буданд, ки рӯзи 12 апрели соли ҷорӣ боз 29 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо ду ҳавопаймои русӣ аз Ҷумҳурии Яман берун бароварда шуданд.
Қобили зикр аст, ки даҳаи аввали моҳи апрел Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия барои аз қаламрави Яман берун баровардани 130 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон , ки бо оилаҳои худ дар ин кишвар кору зиндагӣ мекарданд, мусоидат намуд.



Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста