Рӯзи 22 апрел ҷаласаи аввалини Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилӣ дар толори Вазорат баргузор гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ҷаласа Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, афсари калони САҲА оиди робита бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадиев Ҳайдар Холович ва аъзоёни Шӯрои мазкур иштирок намуданд.
Масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа ин интихоб намудани раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилӣ, муовини раиси Шӯрои мазкур ва роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба Шӯрои ҷамъиятӣ иборат буданд.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар ҷаласаро оғоз намуда, доир ба Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсаду вазифаҳои он ба ҳозирин маълумот дод.
Зимни интихоб баъди музокираю мубоҳисаҳо аз ҷониби худи аъзоёни Шӯро ба вазифаи раиси Шӯрои мазкур Сафаров Анвар – дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноии факултаи ДМТ, ба вазифаи муовини раис – Боймуратова Малика Собировна – директори ташкилоти ҷамъиятии «Асотсиатсияи илмӣ-техникии зиёиёни Тоҷикистон» ва ба ҳайси роҳбари Гурӯҳи корӣ – Ҳалимов Нуралӣ Табарович – адвокати ваколатдор, собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ интихоб карда шуданд.



Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста