Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбати шаҳрванди Қирғизистон Элмира Кабаева оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар дидбонгоҳи гумрукии «Қизил-Арт» воситаи нақлиёти тамғаи «Зил-130 мавриди муоинаи гумрукӣ қарор гирифта, аз доҳили он 240 шиша арақи истеҳсоли Қирғизистон, ки ба шаҳрванди Қирғизистон Кабаева Элмира тааллуқ дошт, ошкор ва пешгирӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, Кабаева мехост бидуни бақайдгирӣ ва назорати гумрукӣ ин маҳсулотро ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.