Оилаи пешвои пешини кушташудаи ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» қаламрави Туркияро тарк намуда, ба Ғарб кӯч баст.
Бино ба васоити ахбори умуми Туркия, ҳамсари ӯ Қумринисо Ҳафизова бо 5 нафар фарзандонаш нимаи дуюми моҳи апрел қаламрави Туркияро тарк гуфта, айни замон дар қитъаи Амрико қарор доранд, вале аз макони мушаххаси буддбоши онҳо маълумот дода намешавад.
Гуфта мешавад, айни замон ба ҳамаи масъалаҳои марбут ба куштори Умаралӣ Қувватов дар ин кишвар адвокати онҳо машғул аст.
Ёдрас мекунем, ки пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуда, ҷасади ӯ рӯзи 9 март дар ин кишвар ба хок супурда шуд.
Қобили зикр аст, ки ду нашрияи Туркия рӯзи 25 марти соли равон аксҳои афроди гумонбар аз ҷониби мақомоти пулиси Истамбул ба қатли пешвои созмони «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватовро ба нашр расониданд.
Ҳафтаи гузашта нашрияи туркии Albawaba бо истинод ба маълумоти ташхисгарони судиву тиббӣ иттилоъ дода буд , ки пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов то парронида шуданаш бо маводи психотропии клозапин заҳролуд шуда будааст.
Рӯзи 12 март Шӯрои сиёсии «Гурӯҳи 24» расман номи пешвои нави худро эълон кард. Шарофиддин Гадоев раис ва Собир Валиеви 27-сола муовини раиси созмони «Гурӯҳи 24» интихоб шуданд.
Қобили зикр аст, ки 9-уми октябри соли 2014 Суди олии Тоҷикистон аризаи Прокуратураи генералии ҷумҳуриро қонеъ намуда, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро ифротгаро эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.




Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста