Фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса ё ОМОН-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон мавриди пайнарди қонунии байнулмилалӣ эълон шуд. Ин элон дар сомонаи расмии Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) ҷойгир шудааст.
Дар маълумотномаи нашршудаи Интерпол оид ба Гулмурод Ҳалимов зикр мегардад, ки ӯ 14 майи соли 1975 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон таваллуд шуда, миллаташ тоҷик аст. Гуфта мешавад, ӯ донандаи забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисӣ буда, вазнаш 80 кило ва қадаш 1 меру 80 сантиметр аст.
Гулмурод Ҳалимов, ки аз рӯзи 23 апрел беадарак шуда буд, санаи 27 май тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоӣ интишор намуд, ки дар он ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) пайвастанашро тасдиқ мекунад.
Дар навори видеоии 12 дақиқаву 20 сония Г.Ҳалимов бо забони русӣ мегӯяд, ба нишони эътироз ба тарзу усулҳои кори ВКД Тоҷикистон, ки ба хондани намозу ба бар кардани сарулибоси исломӣ иҷозат намедиҳад ва ҳамчунин алайҳи размоишҳои муштарак бо Русия ва ИМА, ӯ ин роҳро интихоб намудааст.
Рӯзи 30 май намояндаи Департаменти давлатии ИМА ба CNN тасдиқ кард, ки Гулмурод Ҳалимов чандин маротиба дар давраҳои омӯзишӣ дар ИМА таълим гирифта, малакаҳои роҳандозии амалиёти зиддитеррористиро азхуд намудааст.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем , фармондеҳи ДТММ)-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов аз аввали моҳи бедарак шуда, ба кор намеомад ва макони будубоши ӯ низ ба касе маълум набуд. Хешону наздиконаш низ аз макони будубоши ӯ огаҳӣ надоштанд.
Дар ҳамин ҳол, ахири ҳафтаи сипаришуда, Саидмурод Ҳалимов, бародарбузурги фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, аз бародараш даъват кард , ки ба Тоҷикистон баргашта, назди қонун ҷавоб гӯяд.




Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста