Дар яке аз қисмҳои ҳарбии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар Душанбе имрӯз маросими тақдими автомобилҳои махсус ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати ИМА баргузор шуд.

Сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маросим ба нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ, Гвардияи миллии ҷумҳурӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ба маблағи умумии беш аз 5 млн. доллари ИМА 87 адад автомобилҳои махсуси истеҳсоли Ҷопон тақдим карда шуд.

Муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансур Умаров ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт зимни суханрониашон изҳори итминон карданд, ки техникаи автомобилии тақдимшуда ба Тоҷикистон ба таҳкими амнияти кишвар ва дар маҷмӯъ минтақа мусоидат хоҳад кард.

Зимнан зикр гардид, ки аксари автомобилҳои тақдимшуда барои муҳофизати қитъаҳои душворгузари марзи Тоҷикистону Афғонистон сафарбар мешаванд.