Рӯзи 20 август маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ, бо тирпаронии ҷангӣ, ки санаи 17 август бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони Суғд оғоз гардида буд, дар машқгоҳҳои низомии “Чоруқдарон” бо муваффақият ба анҷом расид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросими ҷамъбастии машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ Раиси вилояти Суғд, Сардори минтақаи мудофиаи ҳудудии рақами 3 Абдураҳмон Қодирӣ ва Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо иштирок намуданд.
Хотирнишон бояд кард, ки чорабинии мазкур бо ҷалби 30 ҳазор нафар дар се марҳила ва дар машқгоҳҳои низомии “Чоруқдарон” ва “Нурафшон” ба таври назариявӣ ва амалӣ ҷараён гирифта, аз захираи эҳтиётии даъватшавандагони ҳар як ноҳия, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибуда, техника ва лавозимоти барои баргузории маҷмӯи машқҳои амалиётӣ-тактикӣ зарурӣ истифода гардид ва баргузории машқҳову мавзуҳои омӯзишӣ зери назорати қатъии Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи мамлакат сурат гирифт. Ба ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ тибқи фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ «Оид ба тасдиқ ва дар амал татбиқ намудани нақшаи мудофиаи ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳам дар асоси нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва коммисарони ҳарбӣ ширкат намуда, онҳо тӯли се рӯз ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирапаронӣ аз яроқу аслиҳаи сабуки ҷангӣ ва дигар омӯзишҳо ҷалб карда шуданд.
Ҳадаф аз баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки тактикӣ сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои гарнизони Суғд, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои низомии мамлакат дар сурати сар задани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дастаҳои амалиётӣ-тактикӣ, баланд бардоштани руҳияи ҷангӣ, сафарбарии қушунҳо дар самти доир кардани амалҳои ҷангии зиддитеррористӣ дар шароити дашту саҳро ва кӯҳистон мебошад.
Дар машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии горнизони Суғд, яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишон, авиатсияи ҷангӣ ва зиёда аз 200 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбию артиллерӣ ва автомобилӣ истифода гардид.
Дар поёни маросими ҷамъбасти машқҳои ҳарбӣ аз ҷониби вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба якчанд нафар пешқадамону фаъолон рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд. Аз ҷумла, ба Раиси вилояти Суғд, Сардори минтақаи мудофиаи ҳудудии рақами 3 Абдураҳмон Қодирӣ медали ҷашнии 20-солагии мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.




“Бебокиаш сабаб шуд, ки...”. Ёдбуди адиб Алӣ Бобоҷон дар Душанбе
Мусодираи 58 кг маводи мухаддир аз ду сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Соли 2025 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо 14 ҳолати ришваситонӣ ошкор шудааст
Русия дастрасӣ ба “WhatsApp”-ро пурра баст. Акнун муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон тамос гиранд?
Ҷасади зани 36-солае, ки дар Амрико дар пайи садама ҷон бохт, имшаб ба Тоҷикистон меоранд
Оғози Рамазон 19-уми феврал аст. Муфтӣ гуфт, ки чаро дар баъзе кишварҳо як рӯз пеш рӯза гирифтанд
Хадамоти алоқа: Акнун таҷҳизоти Starlink-ро метавон дар сомонаи ин ширкат сабтином кард
“Барқи тоҷик” ваъда дод, ки дар моҳи Рамазон дар як шабонарӯз ба аҳолӣ 17 соат барқ медиҳанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 29
“Ҳеҷ як парванда боз нашудааст”. Тоҷикистон касеро барои иштирок дар ҷанги Русия зидди Украина муҷозот накардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста