Фармондеҳи фармондеҳии марказии ИМА Ллойд Остин III рӯзҳои 26-27 август бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷараёни ин сафар генерали воломақоми амрикоиро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
«Зимни дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо генерали амрикоӣ баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону ИМА, пеш аз ҳама дар бахшҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ дар назар аст», - қайд кард манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки Ллойд Остин III қаблан низ ба кишвари мо ташриф оварда буд. Сафари ахири ӯ ба Тоҷикистон санаи 30 июли соли 2013 доир гардида буд. Он замон зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳо аз сатҳ ва ҳамгироии сохторҳои марбутаи ду кишвар доир ба мусоидат ба таҳкими амну субот дар Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз хатари паҳншавии терроризму ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Генерали амрикоӣ нақши Тоҷикистонро дар нигаҳдории амнияти минтақавӣ муҳим номида, ба сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои мусоидати фаъол ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон арзи сипос карда буд.
Ҳамчунин доир ба дастгирии минбаъдаи моддию техникии воҳидҳои низомӣ ва махсуси Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадии кишвар барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон гуфтугӯи судманд сурат гирифта буд.




Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста