Аз 27 август то 3 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои махсуси тактикии “Гром-205” бо иштироки ҷузъу томҳои таъиноти махсуси идораҳо ва хадамоти зидимухаддиротӣ, қӯшунҳои дохилӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ, ки ба ҳайати ташаккули қувваҳои таъиноти махсус дохил мешаванд, баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, машқҳо бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои муштарак (амалиётҳо) оид ба бастани роҳҳои интиқоли қочоқи маводи нашъаовар, қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар минтақаи наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ҷузъу томҳои таъиноти махсус, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои кофтуковӣ ва каминӣ оид ба бастани роҳҳои интиқоли маводи нашъаовар, аз муомилоти ғайриқонуниӣ мусодира намудани маводи нашъаовар, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда, ҳамоҳанг сохтани мақомоти идоракунӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои муштарак оид ба қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар самтҳои хавфноки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Рӯзи 27 август дар машқгоҳи Вазорати мудофиаи ҶТ “Фахробод” намоиши амалҳои махсуси тактикии ҷузъу томҳои таъиноти махсуси идораҳо ва хадамоти зидимухаддиротӣ, қӯшунҳои дохилӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ, ки ба ҳайати ташаккули қувваҳои таъиноти махсус дохил мешаванд, инчунин ҷузъу томҳои мақомоти салоҳиятдори ҶТ баргузор мешавад.
Дар ин маросим муовини Котиби генералии СААД Жанкулиев А.К., Директори Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар (ХФНММН Россия) Иванов В.П., Раиси Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Мамбеталиев Р.С., Директори АНМН назди Президенти ҶТ Назарзода Р., намояндагони Шӯрои амнияти ҶТ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, сафирон ва атташеҳои ҳарбии кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон сукунат доранд, иштирок менамоянд.
Гуфта мешавад, машқҳои махсуси тактикӣ дар ду марҳила идома ёфта, дар онҳо намояндагони Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста