Собиқ донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пас аз 9 моҳи дар Сурия қарор доштан ба ватан баргашт.
Зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёни ноҳия Парвиз Қосимови 20-сола, сокини ҷамоати Сарвати Истиқлоли ноҳияи Бохтар иброз дошт, ки моҳи октябри соли 2014 ба Сурия рафта, баъди 9 моҳ бо мусоидати ВКД Тоҷикистон ба ватан баргаштааст. «Аз рӯзи нахусти дар Сурия будан ман дарк кардам, ки маро фиреб кардаанд ва хеле мехостам ба ватан баргардам. Он ҷо ҳеҷ ҷиҳоде нест, ҳама чизе, ки онҳо мегӯянд, фиреб аст», - ҳикоят кард ба ҳамсолонаш Парвиз.
Модари Парвиз Тоҷихон Бобиева дар суханронии худ ба сарвари давлат барои кумаки ҳукумат ба бозгашти Парвиз ба ватан ва сарфи назар аз ҷиноят содир кардани ӯ, мавриди афв қарор гирифтанаш миннатдорӣ изҳор кард.

«Шумо ҷавонон бояд бидонед, ки на ба ҳар кас муяссар мешавад, ки аз он ҷо баргардад. Аз ин рӯ, хуб андеша карда, ба ҳар гуна афкори бегона дода нашавед ва волидони худро дар азоб нагузоред», - гуфт ба ҳозирин модари Парвиз.
Ба гуфтаи Ҷаббор Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар, айни замон 28 сокини ноҳияи Бохтар дар Ироқу Сурия қарор доранд, ки ба сафҳои Давлати исломии Ироқу Шом пайвастаанд. «Дар он ҷо 5 оила, аз ҷумла 5 нафар занон, 11 кӯдак ва 1 донишҷӯ ҳузур доранд. Дар ҷараёни амалиёти низомӣ 8 нафар аз бохтариён ҳалок шудаанд», - гуфт номбурда.




Афзоиши ҷарима барои ронандаҳо. Барои кадом қонунвайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ чӣ қадар зиёд шуд?
Ҳунармандони “андозгурез”. Санъаткорон беш аз 660 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор будаанд
Аввалин қатораи санҷишии борбар аз Чин ба Тоҷикистон раҳсипор шуд
Ҳабси абади 3 тан ва то 25 соли зиндони 23 каси дигар барои таҷовуз ба номус дар Суғд
Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ: Ҳабси 27 ҷавон ва ҷаримаи 69 тани дигар
Кумитаи дин: Ифтор манъ нашудааст, вале дар он исроф накунед
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 30
Тавассути роҳи оҳан байни Тоҷикистону Қазоқистон қариб 6 млн тонна бор кашонида шудааст
Соли гузашта тиҷорат байни Тоҷикистону Эрон 28% афзудааст
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста