Дар чанде аз васоити ахбори умуми шабакаи Интернет таҳти унвони «Шаҳрванди Қирғизистон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон захмӣ шуд» маълумот интишор шуда. дар онҳо зикр мегардад, ки дар ин маврид гӯё марзбонони тоҷик ғайриқонунӣ рафтор кардаанд.
Маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон изҳор медорад, ки ҳодисаҳои дар мақолаҳо зикршуда асоси воқеъӣ надоранд.
Дар вокуниши матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита гуфта мешавад:
«Бо маслиҳати пешакӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистони минтақаи “Овчиқалъача” 11 сентябри соли равон соати 19:30 дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадӣ аз тарафи наряди сарҳадӣ ҳангоми адои хизмат аз самти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тахминан ба 50-100 метр ғайриқонунӣ 2 адад автомашинаи «Дулан»-и бензовоз ворид мешаванд, ки ба амри сарбозон «ИСТ!» мошини якум итоат накарда, мехост сарҳадбонони тоҷикро пахш кунад, лекин тахминан 200 метр дуртар боздошт карда шуда, ба тафтиши ҳуҷҷатҳову дохили мошин оғоз мекунанд.
Ронандаи мошини дуюм - шаҳрванди Қирғизистон - ҳангоми боздошт ба сарҳадбонони тоҷик зиддият ва муқовимат нишон дода, кӯшиши ба даст овардани яроқро мекунад. Сарбози дигар як тир ба ҳаво холӣ мекунад, ки пас аз ин ронанда мехоҳад бо автомашинааш ба самти Ҷумҳурии Қирғизистон гурезад, аз тарафи наряди сарҳадӣ як тири дигар зада, ронандаро аз пояш захмдор мекунад, ки ҷароҳат на он қадар вазнин мебошад.
Аз тарафи шахсони номаълум мошини дуюм бо ҳарду ронанда ба Ҷумҳурии Қирғизистон гурезонида шудаанд, мошини якум тақрибан бо 50 тонна маводи сӯзишворӣ бо тартиби ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи лозима ба вазоратҳои дахлдор ва як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шуда, ба шӯбаи ВКД ноҳияи Ҷаббор Расулов супорида шуданд.
Ҳамзамон дар вақти рух додани ҳодисаҳои дар боло зикр гардида, сарҳадбонони қирғиз аз рафти ин муноқишаҳо тамошо карда истода, оиди ғайриқонунӣ вайрон намудани хатти сарҳади давлатии ду кишвар ягон чораҷӯӣ намекунанд.
Рӯзи 12 сентябри соли равон соати 08:00 дар ҷои ҳодиса оиди ҳалли ин масъала вохӯрии намояндагони сарҳадӣ гузаронида шуд, аз тарафи сарҳадбонони қирғиз оиди нодуруст рафтор намудани сарҳадбони тоҷик ягон намуд далел пешниҳод нашудааст ва айни замон тафтишот идома дорад».



“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста