Дар деҳаи наздимарзии ноҳияи Ботканди Қирғизистон шахсони номаълум як шаҳрванди ин кишварро рабуда ва бо худ ба қаламрави Тоҷикистон овардаанд.

Нашрияи қирғизии Turmush дар ин робита менависад, рӯзи 6 октябр даҳҳо нафар дар назди бинои намояндагии ҳукумат дар вилояти Ботканд гирдиҳам омада, мусоидат ба ҷустуҷӯи ҳамдиёри худро дархост кардаанд.

Ба гуфтаи гирдиҳамомадагон, тахминан 10 рӯз пеш афроди номаълум сокини деҳаи Чон-Талааи ноҳияи Ботканд Ҷаҳонгир Турмушови 36-сола, падари се фарзандро бо худ гирифта, ба қаламрави кишвари ҳамсояи Тоҷикистон бурдаанд ва аз ҳамон замон дигар дар бораи ӯ чизе маълум нест.

Ба қавли Сироҷиддин Турмушов, бародари рабудашуда, шахсе бо номи Канибек аз Кадамҷой ба назди бародари ӯ омада, дархост кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро то шаҳри Ош барад. Бародараш ба бурдани онҳо бо таксӣ розӣ шуда, вале баъдтар автомашаинаи ӯ дар мавзеи деҳаи Добои ноҳияи Ботканд дарёфт шудааст.

Тибқи баъзе маълумот, Ҷаҳонгир Турмушов шояд аз ҷониби кормандони хадамоти махсуси Тоҷикистон бурда шуда бошад. Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки ӯ ба қаламрави кишвари ҳамсоя барои он бурда шудааст, ки гӯё шаҳрвандонро барои иштирок дар амалиёти низоми дар қаламрави Сурия ҷалб мекардааст.