Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ курсҳои такмили ихтисоси кинологҳо оғоз гардиданд, ки якуним моҳ давом меёбанд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар курси омӯзишӣ мутахассисони соҳаи кинологияи АНМН-и назди Президенти ҶТ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, Хадамоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилаи ҶТ иштирок менамоянд.
Гуфта мешавад, иштирокчиён дар курси мазкур назарияи омӯзиши сагҳо, қоидаҳои асосии нигоҳ доштан ва ғизо додан ба сагҳо, риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми ром кардани сагҳои хизматӣ, омӯзонидани саги хизматӣ бо истифодаи лавозимоти махсус барои ромкунӣ, мустаҳкам намудан ва тақвият бахшидан ба рефлекси саги хизматӣ ба дарёфти маводи нашъаовар ва машқҳои гуногунро меомӯзанд. Инчунин дарсҳои назариявӣ ва амалӣ дар самти дарёфти 5 намуди маводи нашъаовар бо истифода аз сагҳои хизматӣ гузаронида мешаванд.
Зимнан зикр мегардад, ки баъд аз хатми курси омӯзишӣ ба иштирокчиён сертификатҳо супорида мешавад.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста