- Ҳазорон хизматчиёни ҳарбии Эрон ба Сурия ворид шуда, барои иштирок дар ҳамлаи бузургмиқёси артиши Сурия ба мавқеъҳои ҷангиёни созмони террористии «Давлати исломӣ» дар музофоти Алеппо - дуюмин шаҳри бузурги ин кишвар омодагӣ мегиранд, - менависад хабаргузории REGNUM .

Хабаргузории Reuters бо такя ба маълумот аз намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ иттилоъ медиҳад, ки артиши Сурия ва эътилофи Эрону Хизбуллоҳ ба амалиёти рӯйизаминӣ алайҳи ҷангиёни «Давлати исломӣ» омода шуда, ин амалиётро сарбозоне, ки ҳафтаи пеш бо исёнгарон дар музофоти Хама иштирок карда буданд, анҷом медиҳанд.

Бино ба маълумоти Reuters миёни ҳукумати маҳаллӣ, барои иштирок дар ҳамла ҳазорон сарбозон аз Эрон омадаанд, то ки аз президент Башор Асад пуштибонӣ намоянд. Қайд мешавад, ки дар ин ҳуҷум маҳз сарбозони эронӣ нақши калидиро хоҳанд бозид. Ҳамлаи хизматчиёни ҳарбии Сурияву Эрон бо дастгирии Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия гузаронида мешавад.