Дар ҷараёни амалиёти поксозии вулусволии Гурмачи вилояти Фарёби Афғонистон, ки бо Туркманистон ҳаммарз аст, беш аз 140 нафар ифротгароён нобуд карда шуданд. Дар ин бора «Интерфакс» бо истинод ба сардори раёсати пулиси ин минтақа Саид Оғо Андаробӣ хабар дода, менависад, зимни амалиёти мазкур воҳидҳои нерӯҳои ҳукуматии дар иҳотамонда низ озод карда шудаанд.
«Ҳамроҳ бо артиши миллӣ, дастаҳои ихтиёриён аз миёни мардум мо амалиётеро роҳандозӣ намудем, ки дар натиҷаи он се хатти мудофиаи толибон рахна шуда, беш аз 140 нафар ҷангиён нобуд ва роҳи аз иҳота баромадани нерӯҳои ҳукумат дар Гурмач ва маҳаллаи аҳолинишини Дуоба боз карда шуд», - гуфтааст Андаробӣ.
Ӯ қайд кардааст, ки бинобар сабаби аз ҷониби толибон истифода шудани аҳолии осоишта ба сифати сипари зинда амалиёт ба дарозо мекашад.
Гуфта мешавад, тақибан даҳ рӯз пеш вулусволии Гурмач таҳти назорати толибон қарор гирифта, зимни ҳамлаи ифротгароён сардори шуъбаи пулиси ин вулусволӣ Абдул Маҷид Гилембофӣ ба асорат афтида ва баъдан кушта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи чоршанбе ҷангиёни ҳаракати Толибон шаҳри Дарқад дар вилояти Тахор, воқеъ дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистонро таҳти тасарруфи худ дароварданд.




Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста