Дар қаламрави шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ имрӯз бо иштироки беш аз 40 ҳазор нафар кормандони муассисаҳои давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ машқҳои бузургмиқёси Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шурӯъ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл, 1 ноябр дар Вазорати мудофиаи кишвар давраи омӯзишӣ ва машқҳои дурӯза барои раисони шаҳру навоҳии Хатлон ба итмом расиданд, ки дар онҳо ҳамчунин комиссарҳои ҳарбӣ ва роҳбарони Шуъбаҳои ВКД-и шаҳру навоҳии вилоят ширкат доштанд.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки давраҳои омӯзишӣ ва машқҳо дар доираи иҷрои Фармони президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тасдиқ ва амалисозии нақша оид ба ташкили мудофтраи қаламрав» гузаронида шуда, ба онҳо авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, аслиҳаҳои сабуки оташфишон ва артиллерия низ сафарбар мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, давраҳои омӯзишӣ ва машқҳо, ки то 5 ноябр идома меёбанд, таҳти раҳбарии вазири мудофиаи кишвар генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо баргузор хоҳанд шуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин чорабиниҳо тарзу усулҳои ташкили мудофиаи қаламрав, даъват ва сафарбарии сарбозону афсарони эҳтиётии мудофиаи миллӣ ва ҳамчунин машқҳои фармондеҳӣ-тактикии фаврии зиддитеррористӣ мавриди омӯзиш ва иҷро қарор мегиранд.