Сохторҳои қудратии Тоҷикистон маълумоти чанде аз васоити ахбори умуми Афғонистон дар бораи аз ҷониби Душанбе ба ҳаракати Толибон интиқол шудани аслиҳаро ҳарзае беш намедонанд.
Дар маълумоти худ ВАО-и ин кишвар ба котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Афғонистон Давлат Вазир истинод меовардаанд, ки гӯё ӯ гуфтааст, аслиҳа тариқи чархболҳои Нерӯҳои низомии ҳавоии Тоҷикистон интиқол меёфтааст.
Бино ба иттилои радиои Озодӣ бо такя ба гузориши баъзе расонаҳои Афғонистон, дар вулусволиҳои Вахон, Шуғнон ва Ишкошими вилояти Бадахшон чархболҳои Тоҷикистон нишасту бархост карда, гумон меравад, ки барои бархе аз фармондеҳони ғайримасъул аслиҳа медиҳанд ва ба ивази он маводи маданӣ, назири тилло ва лоҷувардро ба Тоҷикистон интиқол медодаанд.
Як манбаъи «Азия-Плюс» дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ин маълумотро ҳарза унвон карда, қайд кард, ки гузашта аз ин, дар посух ба дархости расмии Душанбе Кобул ин маълумотро рад кардааст.
Баъдан Вазорати мудофиаи Афғонистон расман маълумоти аз ҷониби Тоҷикистон ба ҳаракати Толибон интиқол шудани аслиҳаро рад кард.
Ба андешаи котиби матбуотии Вазорати мудофиаи тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев, ин гуна маълумот ҳосили андешарониву хаёлоти касонест, ки оид ба муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон тасввуроте надоранд.
«Тоҷикистон ҳаракати Толибонро созмони терористӣ эътироф намуда, дар масоили робита ва ҳамкории мутақобила миёни сохторҳои қудратии Тоҷикистону Афғонистон ҳеҷ мушкилие ҷой надорад», - афзуд Маҳмадалиев.
Дар ҳамин ҳол, радиои Озодӣ ҳамчунин дар мавриди ин масъала боз менависад, моҳе қабл расонаҳои Афғонистон аз қавли фармонедҳони маҳаллии Толибон хабар нашр карда будан, ки гӯё Кундуз бо силоҳҳои Тоҷикистон, ки бар ивази раҳоии чор сарбозаш соле қабл дода буд, суқут кардааст.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста