Дар пойтахти Австрия шаҳри Вена Вохӯрии роҳбарони аршади шарикон оид ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар Вохӯрӣ масъалаҳои таҳияи Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя мавриди муҳокима қарор гирифтанд. .
Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода намояндагӣ кард. Зимни суханронӣ роҳбари Агентӣ даъват аз он намуд, ки ташаббуси Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани “Панҷсолаи чораҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим” дастгирӣ карда шавад, ки он барои дида баромадан дар Сессияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи нашъаовар ворид шуда буд.
Инчунин пешниҳод гардид, ки вохӯрии роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии минтақа барои муҳокима намудани масъалаҳо ва коркарди заминаи ягона барои дида баромадан дар Сессияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи нашъаовар ташкил ва гузаронида шавад.
Дар чорчӯбаи чорабинӣ вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода бо Директори Иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, муовини Котиби генералии СММ Ю. Федотов баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо ҳолат, тамоюл ва пешгӯии рушди вазъияти вобаста бо маводи нашъаовар дар минтақа, рафти амалигардонии лоиҳаҳо ва барномаҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноятро мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин вохӯрии Р. Назарзода бо як қатор роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар шаҳри Вена ҳамчунин рӯзи 15 декабр ҷаласаи 12-уми гурӯҳи машваратӣ дар сатҳи сиёсӣ дар чорчӯбаи Ташаббуси Пакти Париж баргузор гардид, ки дар кори он Директори Агентӣ иштирок ва суханронӣ кард.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста