Маъмурияти президенти ИМА Барак Обама ба роҳандозии зарбаҳои ҳавоӣ ба ҷангиёни созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) дар Афғонистон ба Пентагон (Вазорати мудофиаи ИМА) иҷозат дод. Дар ин бора нашрияи The Washington Post бо истинод ба мансабдорони Вазорати мудофиаи ин кишвар хабар медиҳад.
«Ваколатҳои нав ба ИМА имкон фароҳам мсеозанд, ки мубориза бо ин гурӯҳ дар қаламрави Афғонистонро бештар фаъолона ба роҳ монад», - гуфтааст манбаъи нашрия. Ба гуфтаи ӯ, масъалаи густариши мавқеъи бомбаандозии ҷангиён ҳафти гузашта ба миён омадааст.
Қайд мешавад, ки қаблан Нерӯҳои низомии ҳавоии ИМА ба ифротгароён дар ин минтақа танҳо дар се ҳолат зарбаҳои ҳавоӣ зада метавонистанд: барои ҳифзи нерӯҳои хориҷӣ, кумак ба низомиёни афғон ва ҳамчунин дар доираи мубориза бо созмони террористии «Ал-Қоида».
Мансабдори дигари Пнтагон изҳор доштааст, ки ИМА қаблан низ ба мавқеи террористон дар Афғонистон зарба мезаданд, вале он замон ин иқдом на ба хотири мансубияти онҳо ба Давлати исломӣ, балки барои рӯҳияи душманона доштани ҷангиён сурат мегирифт.
Бино ба маълумоти нашрия, айни замон дар қаламрави Афғонистон гурӯҳҳои «Толибон» ва Давлати исломӣ бо ҳамдигар муқовимат карда, ҳамчунин бо артиши ҳукумат низ мубориза доранд.
Рӯзи 13 январ Обама аз Конгресс даъват кард, ки истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро барои мубориза бо Давлати исломӣ маъқул шуморанд. «Аз байн бурдани терроризм шарти муҳимтарини низоми амнияти байнулмилалӣ аст, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ташкил шуд ва воҳидҳои низомии ИМА дар Ироқу Сурия ва Афғонистон маҳз ба ҳамин кор машғуланд», - иброз дошта буд президенти ИМА.
Рӯзи 6 декабр маълум шуд, ки ҳудуди 1,6 ҳазор нафар ҷангиёни ба Давлати исломӣ савгандёдкарда қисмате аз чор вилояти минтақаи шарқи Афғонистонро ишғол карданд. Зикр мегардад, ки ҳадафи террористон таъсиси вилояти нави «халифат» дар марз бо Покистон аст.
Қобили зикр аст, ки комёбӣ ва пешрафтҳои Давлати исломӣ дар Афғонистонро ба хурӯҷи артишҳои амрикоӣ ва бритониёӣ аз ин кишвар ва ҳамчунин парокандагӣ дар дохили ҳаракати «Толибон» марбут медонанд.




Аз лағви парвозҳо ба Теҳрон то гарон шудани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ. Охирин хабарҳои марбут ба Ховари Миёна
Дарси инсондӯстӣ ва сухансанҷӣ. Ба накӯзодрӯзи устод Абдунабӣ Сатторзода
“Дар зери чароғакҳо хайр накунед!” Изҳороти Шӯрои уламо дар бораи хайрияе, ки боиси тамбашавии роҳҳо мешавад
Кӣ ва чӣ қадар ба лоиҳаҳои давлатии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад?
Яке дар боздошт, дуввумӣ бо забонхат дар озодӣ. Ду корманди пулиси Хатлон ба қаллобӣ гумонбар мешаванд
Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Охирин таҳаввулот дар Ховари Миёна
Дар Душанбе кӯдакони бемориҳои дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20-уми март фаро мерасад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 38
"Сомон Эйр" парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе–Дубай муваққатан боздошт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста